
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 20.06.2025. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳи автомобилгарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмону азнавсозӣ баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз 19 апрели соли 2023 оғоз гардидааст. Дарозии роҳи автомобилгард 560 метр, паҳноӣ 16 метр бо теъдоди хатти ҳаракат 4 адад дар ду самтро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки дар татбиқи лоиҳаи иншооти зикршуда, корҳои сохтмону васлкунии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ, қубурҳои оби гарм, хатҳои алоқа, равшании беруна пурра амалӣ гардидааст
Инчунин, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмону азнавсозӣ, чароғакҳои роҳнамо ва васли аломатҳои бехатарии ҳаракат низ пурра васлу насб грдидаанд.
Моҳияти асосии роҳи автомобилгарди зикршуда дар он мебошад, ки баъди пурра ба истифода супоридани он, тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҳамшафат кам гардида, ҳамчун роҳи автомобилгарди алтернативӣ низ хизмат мерасонад.
Тақвим
« Июль 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ