
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 27.06.2025. Шоми имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди шаршараи МД Боғи "Наврӯзгоҳ", бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони кумитаву муассисаҳо, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои мақомот ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз намоиши мазкур дидан намуданд.
Дар қисмати расмӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ва иштирокчиёни чорабинӣ расонида, мардуми шарифи кишвар ва сокинони пойтахтро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуданд.
Дар баромад зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бинобар ин ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмат яъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ бирасему баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистони ягона якдилона камари ҳиммат бандем.
Сипас чорабинии фарҳангии иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ваҳдату якдилӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ