
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ - МАЪРИФАТӢ ДАР ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимови назди Раёсати фарҳанги Мақомот, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расониданд.
Сипас шоири халқии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа баромад намуда, дар васфи забони давлатӣ, нақши омӯзгор ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор аз ашъори тозаэҷоди худ шеърҳо қироат намуданд.
Сипас дар партави ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нашр ва дастраси ҳар як хонадони тоҷик гардонидани шоҳасари безавол – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ композитсияи адабӣ - бадеӣ ва намоишномаи “Таҳминаам” аз рӯи асари “Шоҳнома”– и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони вазорату идора, ташкилоту муассиса, сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва аҳли фарҳанг иштирок намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ