image

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ПОЙТАХТ

date_range01.10.2025, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

1 октябр дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 сентябри соли 2025 таҳти 569 "Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998–2007 ба хизмати ҳарбӣ "маросими ботантанаи гусели ҷавонони шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиа Саидзода Бобоҷон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ Каримзода Мирзоқосим иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар идома намоиши машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби сарбозон комендатурам ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.