
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ
1 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум доир гардид.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 43 масъала баррасӣ карда шуд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», ки дар шакли мукаммал қабул гардидааст, инчунин, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро санадҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои манзил ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» муҳокима карда шуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Шӯро пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд ва интихоб намудани муовинони раисон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва иваз намудани номи он ба Ваҳдатобод қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардида, бо тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ