
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ДАРПЕШИСТОДА
ш.Душанбе. 16.10.2025. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҷаласаи кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашнҳои 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинӣ сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки моҳи ноябр дар кишвари азизамон ҷашнҳои муҳимми давлатӣ ва сиёсӣ таҷлил карда мешаванд. Аз ин рӯ, таҷлили ҷашнҳои мазкур дар қалби Тоҷикистон - шаҳри зебои Душанбе бояд дар сатҳи шоиста ва зарурӣ сурат гирад.
Илова бар ин, зимни ҷаласа масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе - «Тоҷи Сомон» зери унвони «Таърихи рушди тоҷикон», ки 15-20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки санаи 18-уми октябри соли ҷорӣ дар Боғи «Ирам» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» чорабинии «Шоми Кино» баргузор мегардад. Аз ин рӯ, ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани чорабинии мазкур дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаи омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати пурра омода будани ташкилоту муассиса, корхона ва бинову иншоот ба мавсими зимистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ