image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАРОНИДАНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИДИ МЕҲРГОН, ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ МАҲСУЛОТ ВА ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ» 

date_range16.10.2025, 16:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye12

ш.Душанбе 16.10.2025. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани «Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ» ҷаласаи корӣ доир гардид гардид. 

    Зимни ҷаласа қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2025, АП-713 ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврали соли 2025, №78 “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 “Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ”, “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯшӣ асал”, “Оши палов” намоиш ва фурӯшӣ шолӣ ва биринҷ ва “Иди себ ва ангур” санаи 19 октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

  Дар робита ба ин, ба тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳа барои омодагии ҷиддӣ ва таҷлили бошукӯҳи ин чорабини дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.