II СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ “ТОҶИ СОМОН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
19 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ҷоизасупории II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор гардид.
Дар аввал, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон»-ро таҳният гуфта, изҳор дошт, ки чорабинии байналмилалии синамоӣ бо роҳнамоӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон доир мегардад.
Синамоҷашнвора бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.
Ҳамин тавр, ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» ба Алексей Герман аз Россия барои филми «Ҳаво», ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» ба Константин Бесаҷе аз Ҷумҳурии Беларус барои филми «Қасри сиёҳ», ҷоизаи «Беҳтарин оҳангсоз» ба Фарзин Халакбар аз Эрон барои филми «Моҳӣ дар шаст», ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба Алтаншагай Ганбаатр аз Муғулистон барои филми «Падар», ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» ба Анастасия Тализина аз Россия барои филми «Ҳаво» ва ба Таҳмина Раҷабова аз Тоҷикистон барои филми «Хоби сурх» тақдим гардид.
Инчунин, ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми кӯтоҳи «Занги шомгоҳӣ»-и коргардони қирғиз Саодат Казакбоева, ҷоизаи “Махсуси ҳакамон” барои филми қазоқии «Шаҳрвандони бом», ба Гулшод Сумангулова, ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” ба филми «Шаҳзода»-и Иван Наниев аз Молдова ва ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ба Турахон Аҳмадхонов аз Тоҷикистон муносиб дониста шуд.
Ҷоизаи «Синамо бидуни марз» ба филми «Духтари капитан»-и коргардони рус Лариса Садилова барои саҳм дар рушду таҳкими дӯстии халқҳо ва хамкории синамогарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовор дониста шуд.
Барои беҳтарин филми ҳунарии пурра, филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст»-и коргардон Муҳиддин Музаффар бо «Шоҳҷоиза”-и II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз байни 300 дархости пешниҳодшуда 160 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвора иштирок намуданд.
Филмҳо аз Россия, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Киргизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия ва Муғулистон пешниҳод гардиданд.
Хотирнишон менамоем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун рӯйдоди байналмилалии синамоӣ барои манзури ҳаводорони синамо намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон, шаҳри гулҳо - Душанбе аз 15-ум то 20-уми октябри соли 2025, бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар марҳилаи таърихи нави халқамон, ки аз масъулиятшиносии камназири Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад, ҳамчун ифтихори миллӣ II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор гардид.
Дар доираи Синамоҷашнвора чорабиниҳои синамоӣ, аз қабили Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон; Форуми байналмилалӣ бахшида ба 60-солагии коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров, дарси “Устод ва шогирд”, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, нахустнамоиши филмҳо, намоиши филмҳои ғайриозмунӣ ва намоиши филм дар тасмаи кино доир карда шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ