image

НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ “АНДАЛЕБ” 2025

date_range29.10.2025, 21:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye61

29-уми октябри 2025 дар Филармони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баҳри иҷрои банди 25 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №АП-713 “Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани даври ҷумҳуриявии озмуни телевизионии эҷодиёти халқ “АНДАЛЕБ-2025” марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “АНДАЛЕБ-2025” баргузор гардид, ки ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз миёни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ШОҲҶОИЗА-ро соҳиб гардид.

Барои ба даст овардани ғолибият аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сатториён Матлубахон Амонзода бо тантана шоҳҷоиза ба гурӯҳи ҳунармандони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе супорида шуд. Бори дигар гуруҳи ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе собит намуданд, ноҳияи Шоҳмансур маҳзани фарҳангу ҳунари бебаҳо мебошад.

Ин дастовард яъне Шоҳҷоиза туҳфаи беназир барои сокинони ноҳия дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пирӯзӣ муборак мардуми фарҳангдӯсти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.

Саодат Тоирӣ 

"ТВ Душанбе"