image

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range03.11.2025, 19:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye28

Бо мақсади таҷлили 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Ҷиҳати иҷрои он дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳр ҳамоиши тантанавӣ ташкил шуд. 

Чорабинӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ гузаронида шуда, дар он намояндаи Ҳукумати Ҷуамҳурии Тоҷикистон, масъулини МИҲД шаҳри Душанбе ва роҳбарияту фаъолони ноҳияи Шоҳмансур ширкат намуданд. 

Зимни баромади масъулин зикр рафт, ки дар асоси меъёрҳои Конститутсия пояҳои устувори ҷомеа ва давлати мо созмон дода шуд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамон таъмин гардида, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омад.  

Дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолон қадрдонӣ гардиданд.       

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"