image

Кормандони соҳаи нақлиёт 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

date_range05.11.2025, 20:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye47

Имрӯз бо иштироки роҳбарону кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт дар толори ҶДММ "Акиа авесто автоматив индастри" бахшида ба 31 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қайд намуд,ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Ҳамчунин роҳбарияти МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон" низ зимни суханронии худ иброз дошт, ки Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон сарчашмаи ҳама муносибатҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, риоя кардани он аз тарафи ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ аст. 

Меҳринисои Абдуҳомид

"Телевизиони Душанбе"