БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ш.Душанбе. 05.11.2025. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим" бахшида 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Конститутсия – заминаи пешрафти Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора, кумита, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҳифзи ҳуқук, собиқадорон, фаъолони пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба аҳли толор ва сокинони сарбаланди пойтахт ироа намуданд.
Сипас Раиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло оид ба паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз маъруза намуданд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ арзёбї намудаанд. Дар тули 31 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба густариши бештари маърифатиҳуқуқӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси кишвар таъсири амиқи мусбат гузоштааст. Бо дарки ин нукта Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонунгузории миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшиноси маданӣ дониста, дар татбиқи нақшаҳои созандаву бунёдкоронаи хеш дар самти амалинамоии сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои сокинони сарбаланди пойтахтро дар мадди аввал мегузорад. Таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври бесобиқа ҷараён гирифтани корҳои созандагӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти шаҳрдориву шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинии пойтахти мамлакатамон ба таъмини зиндагиии шоиставу арзандаи ҳар як сокини он равона гардидаанд, ки аз татбиқи амалии меъёрҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.
Ҳамзамон зимни чорабинӣ маросими тақдими сипоснома ва ҷоизаҳои озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ барои солҳои 2023-2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар соли 2025 ҷамъбаст гардид, сурат гирифт.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ва Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ҷоизаҳоро ба ғолибон дар шароити тантанавӣ тақдим намуданд.
Дар идома барномаи рангини консертӣ бо иштироки сарояндагон ва ҳунармандони мумтози кишвар пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ