image

Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

date_range05.11.2025, 22:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye67

Дар доираи таҷлил аз 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, занон, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, ходимони дин, фаъолони ноҳияҳои пойтахт ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ташкил гардид. 

Ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла занон, созмон дода шуд. 

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия-вазифаи ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар-аз хурд то бузург мебошад. Зеро, Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.

Ҳомидов Қиёмиддин

"ТВ Душанбе"