Дар МД "Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" маросими савгандёдкунии сарбозон баргузор шуд
Дар маросими савгандёдкунии наваскарон намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва падарону модарони наваскарон иштирок намуданд.
Зимни баромади масъулин қайд шуд, ки мутобиқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, амният ва иқтидори мудофиавии он қарзи ҳар шаҳрванд аст”.
Масъулин зикр доштанд, ки ёд намудани савганд ба муқаддасоти милливу давлатӣ ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ҳар як ҷавонро водор месозад, ки давоми хизмати ҳарбӣ бо масъулияти баланд ва дарки вазифаи шаҳрвандӣ хизмати ҳатмии ҳарбӣ намояд. Аз ин рӯ, барои ҷавонон Савганди ҳарбӣ нахуст дарси низомие маҳсуб меёбад, ки дар роҳи ҳифзу ҳимояи Модар–Ватан то нафаси охирин содиқ монда, бо шуҷоату матонати ҷавонмардона хоки ин сарзаминро муқаддас медоранд.
Меҳринисо Рауфова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ