Муаррифии китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте»
13 ноябр дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ" муаррифии китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте», ки аз ҷониби кормандони эҷодии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» нашр шудаааст ва ду дастури библиографӣ "Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (1992-2024) ва "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои "Народная газета" ҷилди 2, ки аз ҷониби кормандони медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Китобхонаи миллӣ нашр шудааст, баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон бахшида шудааст.
Китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» дар ду ҷилд рӯи чоп омада, дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2011 то 2020 нақл мекунад. Китоб паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо, вохӯриҳо, инчунин хроникаи сафарҳои корӣ ва расмии Роҳбари давлатро, ки дар саҳифаҳои нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» инъикос гардиданд, дар бар гирифтааст.
Муфассали ин чорабинӣ шоми 13 ноябр дар гузориши Меҳринисо Рауфова тавассути барномаи иттилоотии “Вақт” соати 19:00 ва 21:00 аз “Телевизиони Душанбе” манзури бинанда мегардад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ