image

Дар Академияи идоракунии давлатӣ маркази "Дипломатияи об" ифтитоҳ гардид

date_range13.11.2025, 12:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye28

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази “Дипломатияи об” ифтитоҳ гардид. Ин рӯйдоди муҳими илмӣ ва сиёсӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-ро ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон намуда буд, бахшида шудааст.  
Ташкили маркази “Дипломатияи об” яке аз муҳимтарин ва хотирмонтарин рӯйдодҳои соли 2025 дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дипломатияи академӣ ба ҳисоб меравад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносиро  ба ҳам овард. 
Зимни баромади масъулин гуфта шуд, ки ифтитоҳи Маркази “Дипломатияи об” қадами муҳим дар таҳкими иқтидори илмӣ-таҳлилӣ ва таълимии Академия ба ҳисоб рафта, он ба як маҳфили зеҳнии навсозии дипломатия ва илму маърифат табдил меёбад, ки дар он илму таҷриба, таҳлил ва амалгароӣ ба ҳам мепайванданд. 
Зимни баромади роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар тӯли зиёда аз бист сол ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар масъалаҳои дипломатияи об ва рӯзномаи иқлим шинохта шудааст. 
Шаҳри бештари ин мавзуъ дар гузориши Саодат Тоирӣ тавассути барномаи иттилоотии "Вақт" шоми 13 ноябр соати 19:00 ва 21:00 аз “Телевизиони Душанбе” манзури бинанда мегардад.