image

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҲУНАРМАНДИ СОЛ” ДАР ДУШАНБЕШАҲР

date_range19.11.2025, 08:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye49

18 ноябр дар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 29 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 «Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» бо шукуҳи хоса баргузор гардид. 

   Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муарифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандони ватанӣ мебошад.

   Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистони азизамон эҳё гардида, бо суръат рушд менамояд. Бо ташабуси Президенди мамлакат ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунарманд ва соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок муқарар карда шудааст.

   Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва ҳунармандони соҳибтаҷриба аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.

   Нахуст меҳмонону иштирокчиёни озмун аз номоиши ҳунари ҳунармандони соҳибзавқу ботаҷрибаи чор ноҳияи пойтахт дидан намуда, ба ҳунари воло ва дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.

   Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода суханронӣ намуда, мақсади баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати ҳунари миллӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ дар пойтахт, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Ҳунарманди сол» бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.