БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛА БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ” ДАР ПОЙТАХТ
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Оила бидуни зӯроварӣ”, ки дар доираи амалиёти байналмилалии “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ” роҳандозӣ гардидааст баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки проблемаи зӯроварӣ дар оила, мушкилоти гуногунҷабҳа буда, барои муборизаи самаранок бояд чораҳои ҳамаҷониба, ба монанди пешгирии зӯроварӣ, ошкор кардани ҷабрдидаҳо ва кумаку муҳофизат, инчунин ҷазо гирифтани гунаҳкорон бояд амалӣ шаванд.
Соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро қабул кард. Бо мақсади рафъи зӯроварӣ дар оила ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро анҷом додаанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди никоҳшавандагон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватнадӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ равона карда шудааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ, иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ