image

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

date_range15.12.2025, 17:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye19

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода оғоз ёфт. Ӯ ҳозиринро ба муносибати 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки ҲХДТ дар тӯли беш аз се даҳсола ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу субот, ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ дорад. Носир Саидзода ҳамчунин ба саҳми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио, дар таблиғи ғояҳои созанда, таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву иҷтимоии ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ нақши ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»-ро дар муттаҳид сохтани кормандон атрофи арзишҳои миллӣ ва сиёсати созандаи ҲХДТ муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромади худ роҳу марҳилаҳои ташаккул ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳизб аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то имрӯз ҳамеша ҳадафҳои сулҳовар, ваҳдатофар ва рушди ҷомеаро дар меҳвар қарор додааст. Маликшо Неъматзода фаъолияти аъзои ҳизбро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар низоми телевизион ва радио, намунаи масъулиятшиносӣ ва садоқат ба манфиатҳои давлату миллат арзёбӣ намуда, онҳоро ба фаъолиятҳои боз ҳам пурсамар даъват кард. Таъкид гардид, ки кормандони телевизион ва радио ҳамчун неруи иттилоотӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва таблиғи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамоиши тантанавӣ дар фазои идона баргузор шуда, бо изҳори таманниёти нек ба ояндаи дурахшони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қадрдонии як қатор аъзои ҳизб ҷамъбаст гардид.