image

Дуюмин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бахшида ба "Рӯзи байналмилалии муҳоҷират"

date_range18.12.2025, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye96

Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бахшида ба "Рӯзи байналмилалии муҳоҷират" дуюмин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар соли ҷорӣ бо пешниҳоди талаботи корфармоёни дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин имкониятҳои касбомӯзӣ баргузор гардид.  
Ҳадафи асосии баргузории дуюмин ярмаркаи калони ҷойҳои нави корӣ ва вазифаҳои озод ин мусоидат намудан дар раванди ба ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ, мутобиқ, намудани қувваи корӣ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ гардид.  
Масъалаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мавқеи калидӣ дорад. Ин самт зери таваҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 чунин  таъкид гардид: «Ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд».  
Ташкили чунин чорабиниҳо барои расидан ба ин ҳадфҳо замина мегузорад.   
Муфассал дар ин бора шоми имрӯз соати 19:00 ва 21:00 тавассути барномаи иттилоотии "Вақт" аз ҷониби Сарвиноз Гулова гузориш манзур мегардад.