image

Ҷаласаи Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор шуд

date_range18.12.2025, 12:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye90

Дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои гуногун фаъолият менамоянд, ки онҳо барои пешбурди корҳои маърафтию омӯзишӣ нақши назаррас доранд. Дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур комиссияи кор бо занон ва оила ташкил шудааст, ки барои пешбурди кори ин самт пайваста саҳмгузорӣ менамояд. 
Ин навбат ҷаласаи Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор шуд, ки зимни он масъалаҳои гуногуни соҳа мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт. 
Нахуст доир ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ширкатдорон андешаронӣ намуданд. 
Бо иқтибос аз Паём зикр шуд, ки “тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт”.  
Дар идома дигар масъалаҳои рӯзномаи Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт. 
Муфассали ин чорабинӣ шоми 18 декбр дар гузориши Саодат Тоирӣ тавассути барномаи иттилоотии “Вақт” соати 19:00 ва 21:00 аз “Телевизиони Душанбе” манзури бинанда мегардад.