image

Баргузоии чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Соли 2026 - Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ"

date_range05.01.2026, 15:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye20

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои бандҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар" ироа гардид, чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Соли 2026-Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ", баргузор шуд.

Дар чорабинӣ, муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода,  кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ба таври фосилавӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Саодат Тоирӣ 

"ТВ Душанбе"