image

Машварати январии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ 

date_range05.01.2026, 14:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye14

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар таътили навбатии зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томакатбӣ ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар МТМУ рақами 14 машварати январӣ доир гашт.

Машварати январии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳия доир гардид, ки дар он ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия, як қатор омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактаби иштирок намуданд. 

Дар оғози машварат масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Ҳозирин зимни баромади худ доир ба дастовардҳои соҳа дар соли хониш ёдовар шуда, иброз намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар соли хониши 2025-2026 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои шаҳрию ноҳиявӣ иштироки фаъолона намуда истодаанд. Ҳамин аст, ки сол то сол дар муассисаҳои мактабию томактабиии ҳудуди ноҳия шароити таълиму тарбия баланд гардида истодааст. 

Бояд гуфт, ки дар семинари мазкур омӯзгорони ҳама равияҳои таълимӣ аз қабили гуманитарӣ, табии риёзӣ ва технологӣ иштироки фаъол доштанд. Тайи солҳои охир бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе муассисаҳои типи нав бунёд гардида, мавриди баҳрабардории толибилмон қарор гирифтааст ва ин раванд бо суръат идома дорад.

Киёмиддин Ҳамидов

"ТВ Душанбе"