Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти солонаи МД "Телевизиони Душанбе" дар соли - 2025 баргузор гардид
Дар толори Телевизиони Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти солонаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" дар соли - 2025 баргузор гардид. Дар кори он муовинии аввали Раиси Кумитаи телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти корхона, кормандони эҷодӣ ва техникӣ, инчунин масъулини бахшҳо иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” фаъолияти худро дар асоси амру фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастуру супоришҳои мақомоти шаҳрдорӣ амалӣ месозад.
Дар давоми соли 2025 тамоми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, бахусус шаҳри Душанбе ҳамарӯза тавассути барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ ва фарҳангиву фароғатӣ инъикоси саривақтии худро пайдо карданд. Ҳамин тариқ, давоми соли 2025 дар маҷмӯъ 443 барномаи муаллифӣ, 808 нашри барномаи иттилоотии “Вақт”, 599 нашри барномаи русии “Время”, 2347 гузориш, 49 нашри ҷамъбастии “7-рӯзи Душанбе”, 49 нашри ҷамъбастии “Неделя в городе”, 4 нашри барномаи англисии “Dushanbe weekly”, ҳамчунин 30 филми мустанад, 98 лавҳа ва 50 ролики таблиғотӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа таҳия ва манзури бинандагон карда шудааст.
Дар идома муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ изҳори назар кард. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба такмили заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон матраҳ гардида, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва рушди минбаъдаи фаъолияти муассиса ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар анҷом фаъолияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар соли 2025 қаноатбахш эълон гардида, вазифаҳои асосӣ барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ