Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи низоми ғайринақдӣ тариқи барномаи “Smart Pay” дар КВД “Шаҳри ҳушманд” баргузор гардид
5 марти соли 2026 дар бинои КВД «Шаҳри ҳушманд» ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед баргузор гардид. Мақсади асосии ҷаласа татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», иҷрои қарорҳои дахлдор ва супоришҳои протоколии ҷаласаҳои назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба масъалаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» мебошад.
Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаи гузариши сохторҳои шаҳрӣ ба низоми ғайринақдӣ, ҳамчунин истифодаи васеи «Smart Pay» дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдои пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкорӣ бо низоми «Пардохти ҳушманд» ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути рақамисозӣ ва соддагардонии равандҳои пардохтро таъкид намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, густариши иқдомҳои муштарак ва татбиқи босамари низоми «Smart Pay» дар тамоми бахшҳои хизматрасонии шаҳрӣ изҳор доштанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ