АЗ НАШРИ «НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК» 100 СОЛ ПУР ШУД
Дар итттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» -асари адиби суханвару бузург, Қаҳрамони миллат, устод Садриддин Айнӣ бо иштироки аҳли илму адаби кишвар ҳамоиш баргузор шуд.
Дар чорабинӣ адибону шоирон ва адабиётшиносон доир ба химзматҳои устод Айнӣ ва таълифи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ибрози назар карданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим зимни сухани ифтитоҳӣ доир ба муаррифии миллати тоҷик ва заҳматҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик С.Айнӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш доир ба шинохти фарҳанг ва адабиёти миллӣ, ҳифзу ҳимояи мероси хаттӣ, муаррифии шоистаи осори гузаштагону давраи нав, эҳёи забони тоҷикӣ-форсӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ, ҳамчун миллати воҳид эътироф гардидани тоҷикон, инчунин таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон саҳми устод Садриддин Айнӣ ниҳоят бузург арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки маҳз бо саъю кӯшиши ӯ ва тарафдоронаш дар аввали садаи бистум масъалаҳои муҳими ҳастии ҳалки тоҷик воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.
Дар идома зикр шуд, ки адибу суханвари бузург дар он солҳои ниҳоят душвору мураккаб гузаштаи пурифтихори халқи тоҷикро дуруст омӯхта, на танҳо ҳастии миллатро исбот намуд, балки дар ҳифзи таъриху фарҳанг, забону адабиёт ва мероси маънавии тоҷикон саҳми арзишманд гузошт.
Адиби ватандӯсту меҳанпараст дар рӯзномаву маҷаллаҳои он замон, аз ҷумла рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, маҷаллаҳои “Дониш — биниш”, “Дониш ва омӯзгор”, “Роҳбари дониш” мақолаҳои “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, “Доир ба мактабу маорифи тоҷикон”, “Вазъи иктисодию иҷтимоии тоҷикони кӯҳистон”, “Қобилияти ташкилотчигии тоҷикон”, “Муносибати тоҷикони кӯҳистон ба ҳокимияти Шӯроҳо", “Кори тоҷикон гул карданист”, "Ба хотири таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон” нашр карда, бо мутахассисон суҳбатҳои илмиву оммавӣ доир менамуд ва ақидаҳои барғалати рақибони сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷикро маҳкум карда, аз гузаштаи халқи маҳбубаш дифоъ менамуд.
Маълумоти муфассал аз рафти ҳамоиши 100-солагии «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод С.Айнӣ дар гузориши Сарвиноз Гулова соати 19:00 ва 21:00 тавассути барномаи иттилоотии «Вақт»-и «Телевизиони Душанбе» шоми 15 парел пешниҳод мегардад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ