image

МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ  «СОҲИБКОРИ БЕҲТАРИН» ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range15.07.2026, 16:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye10

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Соҳибкори беҳтарин» аз рӯи 16 номинатсия ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифзода, намояндагони соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, бахши саноати ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ ба ғолибони озмун аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамасола озмуну ташаббусҳои гуногун амалӣ мегарданд. Озмуни «Соҳибкори беҳтарин» низ яке аз чунин иқдомҳои муҳим буда, ба ҳавасмандгардонӣ, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорон равона шудааст.

Қайд гардид, ки соҳибкорон дар пешрафти иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот, тавсеаи хизматрасонӣ ва ободонии кишвар нақши назаррас доранд. Бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат фаъолияти соҳибкорӣ сол ба сол густариш ёфта, саҳми бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ афзоиш меёбад.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Сино, сохтмон ва ба истифода додани иншооти нави истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ идома дошта, ин иқдомҳо ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.