БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар толори Пажӯҳишгоҳи тиббии бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино бо ҷалби масъулини соҳаи тандурустии ҳудуди ноҳия ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши имрӯза Манижабону Аминзода муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Каримзода Мунира Бобохон Раиси Кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Аҳрориён Зарина Асрор муовини Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, Собирзода Ато муовини сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонону масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии хеш масъулин қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди фаъолияти кормандони соҳа тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
Дар идомаи ҳамоиш роҳбарон ва кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии ҳудуди ноҳия барои меҳнати содиқона ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи тандурустӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш, баҳри болидахотирии кормандони соҳаи тандурустии ҳудуди ноҳия ҳунармандони Театри "Оина" барномаи рангини фарҳангиву мазҳакавии худро пешниҳод намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Меҳринисои Абдуҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ