image

Баргузории семинари омӯзишии "Зан-роҳбар" бо кормандони соҳаи омор

date_range14.10.2022, 22:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" семинари омӯзиширо таҳти унвони "Зан-роҳбар" дар байни кормандони соҳаи омор аз ҳисоби занон дар толори Сарраёсати омори назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Дар семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи "Зан-роҳбар" намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши навбатиро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Зарина  оғоз бахшида қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеаи навини Тоҷикистон баланд бардошта шуд.

Воқеан ҳам баланд гардидани мақому манзалати занон дар ҷомеа ва иштироки фаъолонаи  занон дар ҷомеа ва иштироки фаъолонаи занон дар корҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ омили ҳаракатдиҳандаи ҷомеа гашт.

Давра ба давра қабул гардидани як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ вобаста ба беҳтар кардани вазъи фаъолияти занон дар шохаҳои ҳокимият имкон фароҳам овард, ки дар кишвар занон баробари мардон дар идоракунии давлатӣ саҳм гузоранд. 

Маврид ба зикр аст, ки Истиқлоли давлатӣ  барои рушду такомул ва дастгириҳои ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овардааст.

Ҷавонон имрӯз самараи истиқлолияти давлатӣ ва нерӯи пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо дар ҳама шохаҳои ҳокимият кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон кору фаъолият менамояд ва ин ҳама бо дастгириҳову сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас, намояндагон оид ба мавзӯҳои «Таъсиси захираҳои кадрӣ ва пешбарии занону ҷавондухтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарӣ», «Дастоварҳои занону духтарон дар даврони соҳибистиқлолӣ», дастгириҳои занону бонувон аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.