image

Даври шаҳрии озмуни «Фуруғи субҳи донои китоб аст» ифтитоҳ гардид

date_range17.10.2022, 16:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye318

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2022 тасдиқ шудааст, ба кори худ оғоз намуд.

Дар расми ифтитоҳи озмуни мазкур Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аъзои ҳакамони даври шаҳрии Озмун ва иштирокдорони озмуни шаҳрии «Фуруғи субҳи донои китоб аст» ширкат варзиданд.

Дар расми ифтитоҳи даврии шаҳрии озмуни «Фуруғи субҳи донои китоб аст», ки дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази кӯдавкону наврасони шаҳри Душанбе» доир шуд, муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода сухан карда, ҳама иштирокдоронро ба маросими ифтитоҳи озмуни мазкур таҳният гуфт.

Тавре иброз гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат барои дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳо, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ шароитҳои заруриро фароҳам намудаанд.

Таъкид рафт, ки ҳамасола ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», озмуни шаҳрии «Забон дони ҷаҳон дони», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистони Душанбе» ва дигар озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, инчунин аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонии ғолибони онҳо далели гуфтаҳои боло мебошад.