image

Пазироии ғолибони 14-умин Олимпидаи байналмилалӣ дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе

date_range07.11.2022, 15:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Аз 30-юм то 6-уми ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия 14-умин Олимпидаи байналмилалӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ доир гардид, ки дар он 195 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд.

Ғолибонро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе масъулину омӯзгорон ва волидонашон пешвоз гирифтанд.

Олимпиадаи байналмилалӣ барои хонандагон ва донишҷӯён чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ буда, ҳамасола шумораи иштирокчиёнаш меафзояд.

Соли сипаригардида дар ин олимпиада, 74 даста аз 14 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Афғонистон ва Покистон иштирок намуда буданд.

Соли равон низ хонандагони бомаҳорати шаҳри Душанбе дар ин олимпиада, ки дар шаҳри Анталияи Туркия доир гашт, ширкат намуда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид.