image

ҚАДРДОНИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

date_range11.11.2022, 15:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye305

11.11.2022. ш.Душанбе.

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”, ғолиби мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев - дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе, ҷоизадори медали нуқраи мусобиқаи мазкурро ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси шаҳри Душанбе варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло ва нуқра дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» ва парафшон кардани парчами Тоҷикистон таҳният гуфтанд. Ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба Тимур Раҳимов калиди хонаи 2 ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои 04 то 06 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» оид ба гуштини ҷудо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи олӣ, варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқраро соҳиб гардиданд.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгарон барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба онҳо барору музаффарият таманно карданд ва иброз намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами Миллат қарор доранд.