image

Машварати омӯзишӣ барои мураббиёни Кӯдакистони №45

date_range01.12.2022, 13:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye342

Ҷиҳати табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанд муддат инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машварат доир гардида истодааст, ки дар кори он мудирони кӯдакистонҳо ширкат менамоянд.

Дар машварати навбатие, ки дар Кӯдакистони рақами 45-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд, мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуда, аз ҷараёни баргузории машғулият дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаби Кӯдакистони рақами 45 дидан карданд.

Мураббияи кӯдакистон бо истифода аз усули нави тарбия дар ҳузури мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машғулияти ҷолибро гузоринд.

Тавре ки коршиносони соҳа изҳор медоранд машварат ба хотири рушди малака ва маҳорати педагогии ҳар яке аз мураббиёни кӯдакистонҳо кӯмак расонида дар ин замина онҳо имкон доранд, ин усулҳоро дар гуруҳҳои худ бо кӯдакон гузаронанд. Тавре зимни машғулият мушоҳида гардид, пас аз анҷоми ҳар як бахши он мураббия ҳамроҳи кӯдакон бозиҳои гуногунро барои таннафӯс ва рафъ намудани хастагии равони кӯдакон доир намуд. Равоншиносон изҳор медоранд, ки машғулиятҳои варзишӣ дар боғча баҳри кӯдакон барои сайқаи нери ақлонии онҳо низ хеле муфид аст ва мураббиёни кӯдакистонро зарур аст, ки бо кӯдакон аз усулҳои нав кор гирифта, онҳоро рӯҳбаланд намоянд.

Дар ҷараёни машғулияти имрӯза мудири Кӯдакистони рақами 45 аз усули нави кор ва тарбия ба мурабиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ намунаҳо овард. Бояд қайд кард, ки дар доираи барномахои таълимиву тарбиявӣ баҳри тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо машғулиятҳо ва усулҳои наву муосири тарбия пешбинӣ гардидаанд, ки ҳар як мураббӣ имкон дорад, бо истифода аз он кӯдаконро хушзеҳн намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакону наврасон дар муҳити боғча аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор қонун ва барномаҳои дахлдори соҳавӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд, ки аз ҷумлаи онҳо барномаи «Рангинкамон» барои тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томакатбӣ дониста мешавад.