image

ВОЛОНТЁРӢ ШАРАФ АСТ, ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ

date_range02.12.2022, 16:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye418

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон - 5 декабр Ҳамоиши ноҳиявии волонтёрон таҳти уновни «Волонтёрӣ шараф аст, волонтёр мешавем» доир карда шуд.

Ҳамоишро Манучеҳр Сангов – мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуда, дар кори ҳамоиш иштирокчиёнро хайру мақдам намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур Шукурзода Саодат Нусратулло – муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ – сардори Раёсати кор бо ҷвонон ва варзиши шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва волонтёрони фаъоли назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Зимнан, ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 5 декабр дар тамоми манотиқи кишвар “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” яъне рӯзи шахсони хайрхоҳу нексиришт ҷашн гирифта мешавад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеан ҳам мардуми шарафманди тоҷикро аз азал ҳамчун мардуми хайрхоҳу меҳнатдӯст, дилсофу поквиҷдон, ростгӯву ростқавл, меҳрубону содиқ мешиносанд.

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур як қаттор волонтёрон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.