Ифтитоҳи Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия ба истифода дода шуд. Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия бо технологияи муосир, аз ҷумла Смарт-доска, 10 адад копмютер ва дигар лавозимоти техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Зимни ифтитоҳи Маркази зикргардида иброз гардид, ки муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии давлату Ҳукумати кишвар оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.
Ҳамчунин, дар доираи ифтитоҳи Марказ ҷаласаи Шӯрои машваратӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ доир гардид. Зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои машваратӣ доир ба фаъолияти Марказ, тасдиқи ҳайат, нақшаи корӣ ва вазифаҳо барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Баъд аз ифтитоҳи Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ба кори худ оғоз бахшид. Дар идома вобаста ба мавзӯи конференсия суханронӣ сурат гирифт, иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ баробари дигар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таърихи 2 марти соли 1992 ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ гаридида, аъзои ин ташкилоти бонуфуз шинохта шуд. Дар баробари ин санади муҳим Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин дигар санадҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон эътироф намуда, баҳри иҷрои онҳо корҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон теъдоди зиёди санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки онҳо барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва боло бурдани мақому манзалати инсон нақши муҳимро бозиданд.
Дар идомаи конференсия намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ баромад намуданд.
Дар рафти конференсия таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияту суботи байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, нест кардани омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъд аз қисмати ифтитоҳӣ конференсияи байналмилалӣ дар ду бахш – бахши “Ҳуқуқи инсон” ва бахши “Муқовимат бо коррупсия” кори худро идома дод.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ