Даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин дар ноҳияи Сино баргузор шуд
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз 7-ум то 9-уми декабри соли равон миёни вазорату кумита, ташкилотиу муассиса, шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Сино даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин баргузор карда мешавад.
Дар рӯзи аввали баргузории озмун ҳайати ҳакамон ва комиссияи озмун аз китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино боздид намуданд. Китобхонаи ноҳияро 4 ҳазору 221 нусха адабиёти илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ, тахассусӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад ва китобхона бо 8 адад компютери пайваст бо хати интернет дорои зиёда аз 250 ҳазор нусха китобҳои электронӣ мебошад.
Озмуни ноҳиявии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда мешавад.
Дар идома, аъзои ҳакамон аз китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздиди карданд. Фонди умумии китобхона 626 ҳазору 988 адад китобҳоро дар бар гирифта, аз ин 376 ҳазору 898 нусха китобҳои чопӣ ва 250 ҳазору 90 адади онро китобҳои электронӣ ташкил медиҳад.
Тавре, ки иттилоъ дода шуд, воридоти адабиёти таълимӣ ва ғанисозии фонди китобхонаи илмии донишгоҳ сол то сол афзоиш ёфта, дар давраи солҳои 2008-2018 дар маҷмӯъ 149 ҳазору 899 нусха адабиёт ба китобхонаи илмии донишгоҳ ворид гаштааст. Айни замон китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар қатори намоёнтарин китобхонаҳои донишгоҳӣ буда, аз лиҳози фондҳои мавҷуда беҳтарин ва калонтарин китобхонаи тахассусӣ ба шумор меравад. Барои донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ хадамоти китобхонавӣ ин ёрӣ расонидан ба рафти таълим, инчунин пайдо намудани мавод барои рафти таълим ва дастрас намудани иттилооти зарурӣ мебошад.
Дар идома ҳайати ҳакамон аз Китобхонаи Вазорати кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст.
Китобхонаи оилавии Сабоҳат Раҳимзода аз ҷумлаи довталаби дигар даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин буд. Дар ин хонадон зиёда аз 5 ҳазор нусха адабиёти илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ, тахассусӣ ва соҳавӣ нигоҳдорӣ карда мешавад ва фарзандон ва дигар аҳли хонадон бо истифода аз он имкон дорад, донишҳои худро васеъ намоянд. Сарвари хонадон Сабоҳат Раҳимзода, ки дар мансабҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият намудааст, ба фарзандон ҳамеша бо китоб дӯст будан ва аз он зиёда истифода намуданро талқин менамояд.
Комиссияи даври ноҳиявии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» аз китобхонаи Коллеҷи тиббии-ҷумҳуриявӣ дидан карданд. Ҳайати ҳакамот зимни натиҷагирии озмун бештар ба низомнома, шиноснома, нақшаи кории китобхона, дастурамалаи вазифавӣ, рӯзномаи кории китобдор, китобҳои инвентарӣ ва умумӣ, шумораи толорҳои хониш, баромадан ба шабакаи иттилоотии интернет, таҷҳизоти техникӣ, намоиши китобҳои нав ва китобҳои фаромӯшшуда, таҳияи лавҳаи китобхонавӣ: роҷеъ ба китобҳо, шеърҳову порчаҳои ба мавзӯи Тоҷикистон бахшидаи адибон, таъмиру тармим ва тозагии китобхона, ташкил намудани мусобиқаи китобхони байни хонандагони мактаб ва натиҷаи он эътибори махсус зоҳир менамоянд. Китобхонаи коллеҷ фаъолияти худро мутобиқи нақшаи корӣ ва низомномаи китобхона ба роҳ монда, фонди умумии он 89 ҳазору 259 нусха адабиётҳоро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла 47 ҳазору 726 нусха адабиёти таълимӣ, 16 ҳазору 811 нусха ададбиёти тахассусӣ, 21 ҳазору 163 нусха адабиёти бадеӣ, 2 ҳазору 329 нусха адабиёти методӣ ва 1230 нусха адабиёти сиёсӣ-фарҳангӣ ташкил медиҳад. Компютерҳои китобхона бо хати интернет пайваст буда, донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд.
Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 3 ҳазору 408 адад китобҳоро давр шакли электронӣ, филмҳои таълимӣ, маводи лексионӣ дар шакли презентатсияҳо ва модулҳои таълимӣ (180 фанн) ва маҷмӯи саволҳои тестӣ иборат мебошад.
Китобхонаҳои беҳтарине, ки нисбатан ба холҳои баланд сазовор мегарданд, ғолибони озмун дониста шуда, бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ