image

Ғолибони даври ноҳиявии "Озмуни Китобхонаи беҳтарин"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муайян гардиданд

date_range09.12.2022, 14:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye271

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ давоми моҳи декабри соли равон миёни вазорату кумита, ташкилотиу муассиса, шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин баргузор карда шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ғолибони даври ноҳиявии озмун ва китобдӯстону китобдорон иштирок намуданд.

Озмуни ноҳиявии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда мешавад. Пас аз хулосаи ниҳоии аъзои ҳакамон аз рӯи чор номинатся, Беҳтарин китобхонаи соҳавӣ, Беҳтарин китобхонаи оилавӣ, Беҳтарин китобхонаи идоравӣ ва беҳтарин китобхонаи оммавӣ 11 нафар сазвори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуда, ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, озмуни "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст.