image

Кормандони МД «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромаданд

date_range10.12.2022, 18:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye326

Новобаста аз вазъи номусоиди обу ҳаво, дар пойтахт корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ боз ҳам тақвият ёфта истодааст.

Дар ин миён кормандони МД «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Фирдавсӣ ҳамарӯза ба шинонидани гулу буттаҳо ва ниҳолу дарахтони ҳамешасабз машғуланд.

Корҳои ободонӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити мусоиди экологӣ дар гушаву канори пойтахт ва ҳудуди боғу гулгаштҳо заминаи мусоид мегузорад. Бо оғози мавсими ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони МД «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Фирдавсӣ маъракаи шинонидани ниҳол дар маконҳои муайян ба роҳ монда шудааст.

Ин навбат тадбири ниҳолшинонӣ дар ҳудуди боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал роҳандози гардид. Ин гуна ободкориҳоро масъулин дар иҷрои иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт ва зебоии атрофи ин мавзеъ маънидод карданд. Бо мақсади шукуфоии ин гӯшаи шаҳр дар мавсими ниҳолшинонӣ пайваста тадбирҳои ободониву беҳдоштӣ гузаронида мешавад.

Ҳангоми шинонидани ниҳолон қоидаҳои агротехникӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ба инобат гирифта шуданд.

Тибқи иттилоъ ниҳолони шинонидашударо масъулини муассисаи зикргардида нигоҳубин менамоянд ва барои дар оянда саҳм гузоштан дар ободониву сабзкорӣ нақшаҳои зиёд доранд.