image

Идомаи баргузории Озмуни шаҳрии «Мурабии сол-2022» дар пойтахт

date_range14.12.2022, 11:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye413

Дар рӯзи дуюми фаъолият ҳайати комиссия дар ноҳияи Фирдавсӣ ба Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 72 ташриф оварда, аз фаъолият ва корҳои эҷодии Малика Саидова, ки довталаб аз ноҳияи Фирдавсӣ мебошад, дидан карданд. Бояд қайд кард, ки дар озмун мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Тибқи низомномаи баргузории Озумни шаҳрии «Мураббии сол» аз ҳар як довталаб дастовардҳо дар ташаккули тафаккури техникии кӯдакон (намоиши корҳо ва иҷрои корҳои амалии мураббию кӯдакон), сатҳи компютердонии мураббӣ, навоварӣ дар тарбияи эстетикӣ, қоидаҳои рафтору одоб, ҳурмату иззати калонсолон, муносибат ба сарватҳои табиӣ ва дигар шартҳо санҷида мешавад.

Аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Озмуни шаҳрии «Мураббии сол-2022» мураббии Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 150- Фирӯза Назарова пешниҳод гардид. Аз кор ва намоиши эҷодӣ, тарзи машғлуятгузарӣ бо кӯдакон ва санҷиши хотираи биноӣ, шунавоӣ, захираи луғавии кӯдакон ҳайати комиссия дидан карданд. То ин муддат озмун дар 2 давр даври якум (дохили муассисаи таълимӣ) ва даври дуюм (ноҳиявӣ) доир гардида буд. Дар баробари ин ҳар як довталаб бояд санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ оид ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва тарзи татбиқи талаботи ҳуҷҷатҳои мазкур дар фаъолияти онҳо, талаботҳои Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синнии томактабии «Рангинкамон» ва амалӣ гардонидани он дар фаъолияти худ, забони давлатӣ ва кор бо компютерро донанд.

Ҳуҷҷатҳои номбурда қарори ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ғолиби Озмун ва маълумотномаи ин комиссияро дар бораи фаъолияти довталабон бо нишон додани хулосаи комиссия баъд аз 10 рӯзи баргузории даври дуюми Озмун ба Комиссияи шаҳрии озмун пешниҳод намудаанд.