Маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Китобхонаи беҳтарин" дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур миёни вазорату кумита, ташкилоту муассиса ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид, ва беҳтарин китобхонаҳо муайян ва китобдорон қадрдонӣ гардиданд.
Маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Китобхонаи беҳтарин" дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони МИҲД-и н. Шоҳмансур, ғолибони даври ноҳиявии озмун ва китобдӯстону китобдорон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 доир гардид.
Озмуни ноҳиявии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда мешавад.
Тавре гуфта шуд, тӯли ду сол аст, ки озмуни мазкур амал мекунад ва дар ин муддат ба китобу китобдорӣ диққати ҷидди дода шуда, китобхонаҳо бо шароитҳои муосир фаъолият доранд. Баргузории озмуни Китобхонаи беҳтарин барои пос доштани китоб ва зиёд кардани шумораи китобҳо ҳамчунин нигоҳдошти ашъори адибони классику муосир заминаи хуб мегузорад.
Пас аз хулосаи ниҳоии аъзои ҳакамон аз рӯи чор номинатсия, Беҳтарин китобхонаи соҳавӣ, Беҳтарин китобхонаи оилавӣ, Беҳтарин китобхонаи идоравӣ ва беҳтарин китобхонаи оммавӣ 10 китобхонаи беҳтарин сазвори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуда, ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур тақдим гардид.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни Беҳтарин китобхона бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст. Ҳайати ҳакамон зимни натиҷагирии озмун бештар ба низомнома, шиноснома, нақшаи кории китобхона, дастурамали вазифавӣ, рӯзномаи кории китобдор, китобҳои инвентарӣ ва умумӣ, шумораи толорҳои хониш, баромадан ба шабакаи иттилоотии интернет, таҷҳизоти техникӣ, намоиши китобҳои нав ва китобҳои фаромӯшшуда, таҳияи лавҳаи китобхонавӣ: роҷеъ ба китобҳо, шеърҳову порчаҳои ба мавзӯи Тоҷикистон бахшидаи адибон, таъмиру тармим ва тозагии китобхона, ташкил намудани мусобиқаи китобхони байни хонандагони мактаб ва натиҷаи он эътибори махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар баргузории озмуни Китобхонаи беҳтарин ба якчанд муассисаву корхонаҳо аз ҷониби МИҲД и н. Шоҳмансур сипоснома тақдим гардид.
Ин қабил озмунҳо баҳри саводнок кардани насли наврасу ҷавон замина гузошта, иштироки фаъоли кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таълимиро ба озмунҳои “Фурӯғи субҳи донои китоб аст...”, “Илм фурӯғи маърифат” ва дигар озмунҳои амалкунанда таъмин менамояд.
Ёдовар мешавем, ки даври шаҳрии озмун аз 21 то 27 декабри соли равон идома ёфта, ғолибон муайян ва қадрдонӣ мегарданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ