Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2022» ҷамъбаст гардид
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2022»-ро баргузор намуд. Ёдовар бояд шуд, ки ин озмун аз рӯи шаш намина ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом ва маблағи пулӣ аз 500 то 1500 сомонии муқаррар гардида қадрдонӣ шуданд.
Озмуни мазкур аз охири моҳи ноябр эълон гардид, ки 41 нафар довталабон маҳсули эҷоди худро пешкаш намуданд. Баъд аз натиҷагирии аъзои ҳакамон 18 нафар аз рӯи шаш номина ғолиб дониста шуд.
Дар оғози маросим иброз дошта шуд, ки бо иқдомот ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат фазои маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди китобу китобхонӣ пайваста беҳтару хубтар мегардад.
Сипас бо иштироки олимону донишмандон, намояндагони Вазорати фарҳанг ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2022» аз рӯйи шаш номина, аз ҷумла номинаи китоби назм, номинаи китоби наср, номинаи асарҳои публисистӣ, номинаи асарҳои назму насри бачагона, ва номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ барои ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ