image

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври дуюми олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино

date_range16.12.2022, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye473

Дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври дуюми олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври дуюми ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон масъулони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, вобаста ба таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат аз соҳаи маориф ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои афзалияти хос буда, бо мақсади ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯзиши имлҳои муосир ҳамасола дар заминаи амалисолии нақшаву барномаҳои гуногун тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад. Ташкил ва баргузории озмуну олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки пайваста ташкилу баргузор мегардад, ҷиҳати дарёфт ва кашфи истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

Иброз шуд, ки ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагон, яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалби хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад.

Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони давраи дуюми олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии нохияи Синои шаҳри Душанбе аз шумораи умумии 7 ҳазору 892 нафар иштирокчӣ, 1 ҳазору 509 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ки аз ин шумора 797 нафар аз хисоби муассисахои тахсилоти миёнаи умумӣ ва 711 нафарро муҳассилини литсей ва гимназияҳо дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, дар маросими ҷоизасупорӣ қадрдонии ғолибон аз рӯи чор номинатсия, аз ҷумла “Дастаи беҳтарини олимпии муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино”, “ғолибони даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон”, “ғолибони даври ноҳиявии олимпиадаи “Speeling Bee” ва ғолибони даври ноҳиявии олимпиада оид ба “Шоҳмот” аз ҷониби дастандарткорон бо медалу, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"