image

Масъалаҳои муҳими самаранок истифодабарии заминҳои корам дар шароити биологикунонӣ ва экологикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ

date_range16.12.2022, 11:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye247

Дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки устодону донишҷӯён, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону коршиносон дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳими самаранок истифодабарии заминҳои корам дар шароити биологикунонӣ ва экологикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар кори ҳамоиши мазкур масъулини донишгоҳ сухан карда иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намудаанд, ки Истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникӣ ғайриимкон мебошад. Ҷорӣ намудани навовариҳои техникӣ, технологияҳои муосир, ташкили меҳнат, ба дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам асос ёфта, диверсификатсияи соҳа ва дар ин асос ҷорӣ намудани кишти зироатҳои даромаднокиашон баланд мукаммалгардонии низоми идоракунии соҳа, муносибатҳои муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар хоҷагиҳои калонҳаҷм, якҷояшавии байни хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва шабакаҳои савдо ва дигар масъалаҳо талаботро барои муайян намудани заминаи ҳуқуқии ин равандҳоро ба миён овард.

Қайд гардид, ки оқилона истифода бурдани замин ҳалли қазияҳои таъминоти аҳолӣ бо озуқа, саноатро бо ашёи хом, инчунин баланд бардоштани дараҷаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъиятиро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз самтҳои истифодаи он бояд доимо дар мадди назари олимон, мутахасисон, хусусан деҳқонон қарор гирад.

Дар идома дигар иштирокдорон низ аз рӯи мавзӯҳои гуногун аз қабили “Самтҳои асосии истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Муносибатҳои заминдорӣ ва самаранокии истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба иштирокдорон маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"