image

Баррасии ҷинояти қаллобӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе

date_range16.12.2022, 16:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye271

Дар толори Прокротураи шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои шаҳри Душанбе оид ба иҷрои банди 2-уми Нақшаи кории Шурои мазкур, барои нимсолаи дуюми соли 2022, таҳлилу ҷамъбасти вазъи ҷинояти қаллобӣ дар соли 2021 ва 9 моҳи соли 2022 бо додани диққати асосӣ ба амалияи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии қаллобӣ, ки аз ҷониби масъулини ширкатҳои сохтмони ҳангоми ҷалби ҳиссагузорон содир шудаанд доир гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти Прокротураи шаҳри Душанбе, намояндагон аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ш.Душанбе муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт ширкат доштанд. Зимни ҷаласа доир ба вазъи ҷинояти қаллоби натиҷаҳо пешниҳод шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин намуди ҷиноят дар хариду фурӯши манзилҳои истиқоматӣ хусусан ҳангоми ҳиссагузории сокинон дар биноҳои баландошёна бештар ба назар мерасад.

Тавре дар моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст қаллобӣ, тасарруфи молу мулки ғайр, ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ваё сӯиистифодаи боварӣ мебошад. Ба гуфтаи масъулин ҷинояти қаллоби солҳои охир зиёд шудааст. Аз ин рӯ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри пешгирии ин намуди ҷиноят чораҳои зарури меандешанд. Ҳамин аст, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Ҳамин тавр аз ҳозирин талаб карда шуд, ки дар пешгирию бартарафсозии ҷиноятҳо хусусан қаллобӣ саҳмгузор бошанд ва мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Теҳрон Файзов

"ТВ Душанбе"