image

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон ва варзишгарони н. Фирдавсии Душанбе

date_range17.12.2022, 15:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18-уми июли соли 2015 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъкид гардид, зимни суханронии Раиси ноҳияи Фирдавсӣ.

Инчунин гуфта шуд, ки дар баробари ин таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи Президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯён, Квотаи перезидентӣ барои ҷавонон аз ноҳияҳои дурдаст, грантҳои Ҳукумати кишвар дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, Ҷоизаи Президент барои варзишгарон инчунин амсоли инҳо чандин ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ аз ғамхориву таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавонони кишвар дарак медиҳад.

Таъкид шуд, ки Шӯрои мазкур дар асоси супоришҳои дахлдори роҳбари давлат 18-уми июли соли 2015, таъсис дода шудааст, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳияро ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти ҷавонон таъмин менамояд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"