image

Баргузории Трренкур ва машқҳои пагоҳирӯзию солимгардонӣ

date_range17.12.2022, 16:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260

«Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» таҳти ин унвон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқ намудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он бо иштироки Муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, кормандони идораву муассисаҳо, волонтёрон, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат", ҷавонону сокинони ноҳия Трренкур ва машқҳои пагоҳирӯзию солимгардонӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози машқҳои пагоҳирӯзӣ, бо иштирокунандагон хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Таъкид рафт, ки Фаъол гардидани системаи асаб, кори муътадили узвҳои ҳисси бадан, аз ҷумла шунавоӣ, биниш, ҳаракати муътадили хун дар рагҳо, фаъол будани раванди мубодилаи воситаҳо дар ҷисм, кори дурусти мушакҳои дил ва узвҳои нафаскашӣ, тақвияти мушакҳои бадан ва тақвияти организми инсон бар зидди сирояту буемориҳои гуногун аз ҷумлаи манфиатҳои тамринҳои пагоҳирӯзӣ ба шахс ба шумор мераванд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"