image

Баргузории ҳамоиши илми маърифатӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддинӣ Балхӣ дар Вазорати фарҳанг

date_range20.12.2022, 10:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye317

Бо иштироки кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донишмандон, адабиётшиносон, алоқамандони шеъру сухан ва кормандони воситаҳои ахбори умум вобаста ба бузургдошти яке аз шахсиятҳои нотакрори олами ирфон, фарзонафарзанди миллати тоҷик, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конфронси илмӣ амалӣ баргузор шуд.

Иштирокдорон перомуни эҷоду фаъолияти Мавоно ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёт, аҳамияти пурарзиши мероси гаронбаҳояш сухан ронда, зикр доштанд, ки ин фарди наҷибу нотакрор, нобеғагони назми классиикии форс-тоҷик бо асарҳои эҷоднамудаи хеш инсонҳоро ба дӯстиву ҳамдилӣ, меҳубонӣ, кӯмак ба ҳамдигар, шинохти қадру қиммати одамӣ, рӯй овардан ба илму ҳикмат, баҳра бурдан аз ҳаёт ва дигар паҳлуҳои муҳм фаро мехонда, ба ин васила мардуми олам новобаста аз дину имон, қавму аҷдод, миллат, забон, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамчун орифи воломақом, донишманд ва нобиға мешиносанд ва ба осору шахсияташ арҷ мегузоранд.

Адибон баргузории чунин чорабиниҳоро барои беҳтар шинохтани шахсияти чунини бузургони адабиёт бахусус Мавлоно Балхӣ ва хубтар ошно гардидан бо офаридаҳои онҳо муҳим донистанд ва арз доштанд, ки ин омил метавонад дар худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва ифтихор намудан аз гузаштагони хеш таъсири мусбат гузорад.

Дар идома гуфта шуд, ки ба хотири шинохти Мавлоно Балхӣ ва ошноӣ пайдо кардан бо эҷодиёти ин ориф аз ҷониби донишмандон маҷмуаҳои зиёд нашр гардидаанд ва то имрӯз 3 ҷилди Маснавии Маънавӣ бо теъдоди 10 ҳазор нашр гардид, ки харидорони зиёдро пайдо намуанд.

Ба хотири арҷгузорӣ ба шахсияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамасола чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахусус «Дунёи ғазал» баргузор мегардад. Зеро ин шахсияти наҷиб ва бузурги адабиёт ифтихори миллат аст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"