Мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихии худ, ба марҳилаи нави рушд ворид гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳову ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500–сола эътироф гардид.
Аз ҷумлаи созмонҳои бонуфузтарини дунё Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад, ки Тоҷикистон ҳанӯз 6 апрели соли 1993 ба узвияти ин созмони бонуфуз пайваст. Аз замони аъзо шудан ба Созмони мазкур, ҳамкориҳои мутақобиланд судманд дар самтҳои фарҳанг, илм, маориф, гуманитарӣ вусъат ёфта, ҷанбаҳои самараноку созандаро фаро гирифтааст.
Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО дар ду самти асосӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангиро ба роҳ мондааст:
1. Дар самти “Мероси фарҳангии ғайримоддӣ”;
2. Дар самти “Мероси фарҳангии моддӣ”;
Мероси фарҳанги ғайримоддӣ - анъана ва воситаҳои шифоҳии ифода, аз ҷумла забон, урфу одат, маросиму ҷашнҳо, донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавии вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онҳо мебошад. Намунаи олии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудааст инҳо мебошанд: “Чакан”, “Оши палов”, “Шашмақом”, “Рубоб”, “Наврӯз”, “Фалак” ва ғайра.
Мероси фарҳангии моддӣ – арзишҳои фарҳангие, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Дар феҳристи мазкур объектҳои таърихию фарҳангӣ, дар шакли қалъаҳо, димнаҳо, шаҳрҳо, петроглифҳо (тасвирҳои рӯйисангӣ), корезҳо, дайру маъбадҳо ва қабристонҳо зикр гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмони мазкур то имрӯз ба дастовардҳои зиёди умумиллию умумиҷаҳонӣ ноил гаштааст.
Дар самти мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз замони аъзо шудан то ин ҷониб ЮНЕСКО дар чорабиниҳои хотирмон, аз қабили рӯйдодҳои таърихӣ, ҷашнвораҳои шахсиятҳои барҷаста, ки аз ҷониби кишварҳои узви созмон ҷашн гирифта мешавад, ҷиҳати аҳамияти ҷаҳонӣ додани он, иштирок меварзад.
Ҷашнвораҳо ин воситаи ҷалби таваҷҷуҳ ба санъаткорон ё рӯйдодҳое, ки ба ғанигардонии мутақобилаи фарҳангҳо, мусоидат дар ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ ва наздикшавии миллатҳо мебошад. Бо ин роҳ яке аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ворид намудани санаҳои зерин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО мебошад:
Мероси фарҳанги ғайримоддӣ:
1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абу Абдулло Рӯдакӣ (соли 2009);
100 – солагии шоири миллии замони шӯравии тоҷик Мирзо Турсунзода (соли 2009);
100 – солагии бастакори шӯравии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ (соли 2014);
600 – солагии нависанда, шоири тоҷику форс, файласуф, мусиқашинос, инсондӯст Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 2014);
3000 – солагии шаҳри қадимаи Ҳисор (соли 2015);
700 – солагии шоир, олим ва файласуфи тоҷику форс Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015);
100 – солагии асосгузори хореографияи тоҷик, бастакори опера ва рақсҳои тоҷикии замони шӯравӣ Ғаффор Валаматзода (соли 2016);
1250 – солагии олим, мутафаққири тоҷику форс Ҳакими Тирмизӣ (соли 2016);
1150 – солагии олим, табиб ва файласуфи тоҷику форс Зикриёи Розӣ;
400 – солагии шоири равшанфикри тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ (соли 2018);
5500 - солагии шаҳри бостонии Саразм;
700 - солагии шоири шаҳир Камоли Хуҷандӣ;
Сазовор донистани ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ” ба шаҳри Душанбе (2004) ва ғайра.
Инчунин ҷашнвораҳои миллӣ аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон;
Ҳамзамон «Фалак», «Шашмақом», «Рубоб», «Чакан», «Оши палов» ва дигарон.
Мероси фарҳанги моддӣ
Тавре дар боло зикр намудем мероси фарҳангии моддӣ, маҷмӯи арзишҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи объектҳои ёдгориҳо мебошад, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки ба Феҳристи умумиҷаҳони ЮНЕСКО аллакай ворид карда шудаанд, ин ёдгории таърихию фарҳангии “Шаҳри бостонии Саразм” ва дигар ёдгории табиию фарҳангии “Боғи миллии Тоҷикистон” мебошанд, ки аллакай ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шудаанд.
Шаҳри бостонии Саразм дар вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, ҷ/д Саразм, деҳаҳои Соҳибназар, Авазалӣ ва Раҷабалӣ ҷойгир мебошад.
Ёдгории таърихию фарҳангии шаҳри Саразм дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1, саҳифаи 84 ҷойгир карда, ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Ҳанӯз аз солҳои 2002 инҷониб парвандаи номинатсионии шаҳри бостонии Саразм ба ЮНЕСКО барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод гардида, то соли 2010 парвандаи мазкур мукаммал карда шуда, хушбахтона соли 2010 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ворид гардид.
Боғи миллии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ), ноҳияҳои Лахш ва Сангвор ҷойгир аст.
Боғи миллии Тоҷикистон ҳамчун мероси табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1,2,3,4 саҳифаи 158 ҷойгир карда шудааст.
Аз соли 2007 парвандаи номинатсионии Боғи миллии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ пешниҳод гардида, то соли 2013 парвандаи мазкур мукаммал карда шуда, хушбахтона соли 2013 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ дар Сессияи 37-уми Раёсати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 16 июн то 26 июни соли 2013 дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа баргузор гардид, номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи асосии Мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ЮНЕСКО ҳамчун объекти табиӣ–фарҳангӣ ворид гардид.
Хушбахтона то имрӯз як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (мероси фарҳанги моддӣ) ва унсурҳои фарҳангӣ (мероси фарҳанги ғайримоддӣ) -и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ки дар рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардидаанд ва умед аст дар ояндаи наздик ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умимибашарӣ шомил карда шаванд. Аз қабили “Шаҳри Ҳисор” ба гузаргоҳи “Марказӣ”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, “Шаҳраки эллинистии Тахти Сангин”, “Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук” ба гузаргоҳи “Амударё”, “Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон” ба гузаргоҳи “Вахон”.
Лозим ба зикр аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум”: “Панҷакенти қадим”, “шаҳраки Санҷаршоҳ”, “шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, “Низоми обёрикунии Токсанкорез” ва “Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро” ки то ин муддат дар баррасӣ ва коркарди иловагӣ қарор доштанд, хушбахтона моҳи марти соли 2021 дар қатори ёдгориҳои гузаргоҳҳои болозикр ба рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Парвандаҳои номинатсионӣ ва корҳои лоиҳакашӣ ва таҳқиқотии ёдгориҳои ин долон аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия карда шуда, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, яъне Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва тасдиқ гардида, барои баррасӣ ва ворид намудан ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ба шаҳри шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ва аз онҷо ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, ки идораи асосии ЮНЕСКО дар онҷо қарор дорад ирсол карда шудааст.
Дар самти мероси фарҳанги ғайримоддӣ бошад номинатсияҳои унсурҳои фарҳангии зерин дар навбат буда, барои ба рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО шомил шудан дар солҳои 2022-2023 ба нақша гирифта шудаанд: “Адрасу атлас” (пешниҳод барои 2023), “Ҷашни Меҳргон” (муштарак бо Эрон, 2022), “Ҷашни Сада” (муштарак бо Эрон, 2023), “Рубоб” (муштарак бо Эрон ва Ӯзбекистон , 2022),”Кашидадӯзӣ” (бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон 2022)”, “Латифаҳои Насриддин Афандӣ” (муштарак бо Туркия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, 2022), “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ” (муштарак бо Туркия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон, 2022), “Бозиҳои бачагонаи баҳорӣ” (муштарак бо Ӯзбекистон барои соли 2023).
Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ, тармиму барқарорнамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истифода ва ворид намудани онҳо ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз ҳама бояд ба фарҳанг, ба тамаддун ва ба арзишҳои миллӣ худамон арҷ гузорем, худамон онҳоро қаблан эътироф намоем, худамон арзиши байналмилаливу ҷаҳонӣ доштани мероси фарҳангиамонро эҳсос намоем ва онро ба воситаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди давлатдории миллӣ ва баҳри манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошем!
Абдусаломов Мирзошариф – сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ