image

Ғолибони даври дуюми Олимпиадаҳои муассисаҳои таълимии н.Фирдавсии шаҳри Душанбе муайян гардиданд

date_range20.12.2022, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye238

Дар толори Гимназия №4-и ноҳияи Фирдавсӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ғолибон бо медалу ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Дар даври дуюми ноҳиявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миёни синфҳои 5-11 аз ноҳияи Фирдавсӣ, 4996 иштирок намуданд, ки аз ин шумора 574 нафарашон ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ин 574 нафаре, ки ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифта 150 нафараш сазовори ҷои якум, 145 нафар ҷои дуюм ва 279 нафари дигар сазовори ҷои сеюм гардиданд, ки ба ин нафарон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар нафарони масъул дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки хонандагон дар баробари таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёна инчунин ба аъзои машғулиятҳои Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳри Душанбе мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола олимпиада миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейу гимназияҳои ҳудуди ноҳия дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо шароити таълиму тадрис дар муассисаҳои мактабиву томактабии шаҳри Душанбе хуб ба роҳ монда шуда, муассисаҳои наву замонавӣ бо ҷойгирии синфхонаҳои барҳаво ва таҷҳизоту лавозимоти дарсӣ ба хонандагон пешбини шудааст то хонандагон дар рӯҳияи болида бе ягон мушкилӣ ба илмомӯзӣ машғул гарданд.

Дар даври дуюми олимпиадаи фаннии мактаббачагон, ки миёни хонандагони лаёқатманди ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуд, аён гардид, ки олимпиадаи мазкур шаффоф гузаронида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур беҳтарин муассисаи таълимии ноҳияи Фирдавсӣ МТМУ №42 ва беҳтарин литсей ва гимназияҳо, Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №74-и ноҳия дониста шуда бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"