Бахшида ба қабули пешниҳоди панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ доир гардид
Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Ин нуқта зикр гардид зимни як ҳамоиши илмӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе. Роҳбарияти Коллеҷ қайд намуданд, ки ҷамъомади навбатӣ аз ҷумлаи тадбирҳои илмие мебошад, ки мақсади он пайгирии яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ, яъне таъмини беҳдошти экологӣ дар ҷаҳони имрӯза мебошад.
Дар чорабинии навбатӣ дар баробари устодони Коллеҷи мазкур инчунин намояндагон аз Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади хеш иштирокдорон қайд намуданд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Ҳамакнун 14-уми декабри соли ҷори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.
Бояд қайд намоем, ки айни ҳол Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои экологӣ ва об ба хубӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муҳофизати муҳити зист ва таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаву ошомиданӣ омӯзанда ва шоистаи таҳсин мебошад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ